Гурӯҳи 20 нафараи рӯзноманигорон аз расонаҳои мухталифи дунё вориди Кореяи шимолӣ шуданд, то аз баста шудани машқгоҳи зеризаминии силоҳи ҳастаӣ гузориш пахш кунанд.
Хабарнигорони Associated Press, CNN, CBS, Russia Today ва хабарнигорони давлатии Чин аз ҷумлаи онҳое ҳастанд, ки субҳи 22 май барои парвоз ба Пхениян дар фурудгоҳи Пекин сабти ном шуданд.
Хабаргузориҳои дигар, мисли Ройтерз низ талоши рафтан ба маросими бастани машқгоҳи таҷрибавии Пхунгери дар Кореяи Шимолиро карданд, вале ҷавоби рад гирифтанд. Ин пойгоҳ бар асари таркишҳои зиёд хароб шудааст.
Пхенян танҳо намояндагони бархе расонаҳоро даъват кардааст, ки аз баста шудани ин пойгоҳ гузориш пахш кунанд.
Аммо Кореяи Шимолӣ коршиносонеро низ, ки бояд “баста шудани ин пойгоҳро барои ҳамеша” тасдиқ мекарданд, даъват накард.
Кореяи Шимолӣ барои барномаҳои ҳастаӣ таҳти таҳрими Созмони милали муттаҳид қарор дорад. Ҳоло ин кишвар талош дорад, бо бастани ин пойгоҳ фишорҳои байналмилалиро камтар кунад.
Қаблан, Ким Ҷонг Ун, раҳбари Куриёи Шимолӣ, гуфт, кишвараш озмоиши силоҳҳои ҳастаӣ ва мушакҳои дурпарвозро боздошта, як макони озмоишии ҳастаиро мебандад.
Дар вокуниш, Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, тавассути Твиттер ба ин эълони Пхенян вокуниш нишон дод ва онро як пешрафти бузург хонд. Доналд Трамп навишт, ин хабари бисёр хуб барои Куриёи Шимолӣ ва ҷаҳон аст.