Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созиши Чин ва Амрико: Ҷанги тиҷоратӣ намекунем


Хабаргузории "Синхуа"-и Чин рӯзи 20-уми май гузориш дод, ки Пекин ва Вашингтон тавофуқ кардаанд, ба ҷанги тиҷоратӣ роҳ нахоҳанд дод ва таъруфаҳо низ афзоиш нахоҳанд ёфт.

Муовини нахуствазири Чин ҳафтаи гузашта дар ин мавзуъ бо мақомоти амрикоӣ дар Вашингтон гуфтугӯ кард ва раҳбарии як ҳайати бузургро бар уҳда дошт.

Кохи Сафед ва Пекин рӯзи 19-уми май гуфта буданд, ки Чин тавофуқ кардааст, хадамот барои фурӯши маҳсулоти амрикоиро афзоиш хоҳад дод. Ҷузъиёт дар ин маврид дода нашудааст, ки Чин фурӯши кадом васоил ва маҳсулоти амрикоиро афзоиш медиҳад.

Дар эъломияи муштараки ду кишвар дар мавриди коҳиши таъруфаҳо низ чизе гуфта нашудааст.

XS
SM
MD
LG