Раҳбарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Исломӣ рӯзи 18-уми май дар нишасти Истанбул хостори ҳимояти байналмилалӣ аз фаластиниҳо шуданд. Ин нишаст ба дунболи интиқоли сафорати Амрико аз Телавив ба Байтулмуқаддас ва кушта шудани даҳҳо фаластинӣ дар даргирӣ бо нирӯҳои исроилӣ дар марзи Ғазза баргузор гардид.
Раҷаб Таййиб Эрдуғон – раиси ҷумҳури Туркия – дар ин нишаст иқдомоти Исроил дар баробари фаластиниҳоро ба шеваи рафтори нирӯҳои Олмони фашистӣ бо яҳудиён дар ҷараёни Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ муқоиса кардааст. Эрдуғон ҳамчунин гуфтааст, тасмими Амрико барои интиқоли сафораташ ба Байтулмуқаддас “заминасози иқдомоти Исроил дар марз бо Ғазза шуд”.
Интиқоли сафорати Амрико ба Байтулмуқаддас бо тасмими Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, интиқоди кишварҳои исломӣ ва ғарбиро дар пай дошт. Стивен Мнучин, вазири молияи Амрико ва Иванка Трамп, духтар ва мушовири Доналд Трамп, рӯзи 16-уми май дар маросими ифтитоҳи сафорати ИМА дар Байтулмуқаддас иштирок карданд.
Гвамателла дувумин кишварест, ки сафорати худро аз Телавив ба Байтулмуқаддас кӯчондааст.
Ба гузориши “Ройтерс”, баёнияи нишасти Созмони Ҳамкории Исломӣ кушта шудани 60 фаластинӣ дар Ғаззаро “ҷинояти ваҳшиёна” номидааст. Абдуллоҳи дувум, подшоҳи Урдун низ дар ин нишаст суханронӣ гуфтааст, Амрико баробари ба расмият шинохтани Байтулмуқаддас ба унвони пойтахти Исроил эҳтимоли сулҳ дар Ховари Миёнаро заиф кард.
Ҳасан Руҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон дар ин нишаст хостори қатъи робитаи кишварҳои исломӣ бо Исроил шудааст.
Ин дар ҳолест, ки давлати Исроил дар вокуниш ба интиқод аз амалкарди нирӯҳои артиши ин кишвар дар баробари эътирозгарони фаластинӣ гуфт, ҳар кишвар ҳақ дорад аз марзҳои худ дифоъ кунад.
Никки Ҳейлӣ, намояндаи Амрико дар Созмони Милали Муттаҳид аз ҳаққи Исроил ҳимоят кард ва Созмони Милалро муттаҳам намуд, ки танҳо Исроилро масъули руйдодҳо медонад ва нақши Эрону Ҳаммосро нодида мегирад.
Артиши Исроил ҳам мегӯяд, гуруҳи Ҳаммос омили хушунатҳо аст, чаро ки ба сӯи нирӯҳои низомии он кишвар оташ кушод ва бомба партоб кард. Вазорати умури хориҷии Амрико низ мегӯяд, гуруҳи Ҳаммос бо баҳонаи ифтитоҳи сафорати Амрико дар Байтулмуқаддас ба хушунатҳо доман задааст.