Мақомоти Амрико гуфтанд, ки дар натиҷаи тирандозии як нафари мусаллаҳ дар мактабе дар аёлати Техас даҳ нафар, аз ҷумла хонандаҳо, кушта шудаанд. Грег Эббот, волии Техас, гуфт, ҳамлавар бо худ маводи тарканда ҳам дошт. Феълан ӯ дар боздошт қарор дорад.
Волии Техас афзуд, ҳамлавар қасд доштааст, ки дар ин ҳодиса худро низ аз байн бибарад, аммо аз ин тасмимаш сарфи назар кардааст. Ӯ ба мақомот гуфтааст, ки ҷуръат накард, ба зиндагиаш хотима диҳад.
Дар ин тирандозӣ даҳ нафари дигар захмӣ шудаанд.
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, пас аз ин ҳодиса дар Кохи Сафед гуфт, “маъмурияти ман тасмим дорад, барои муҳофизати хонандаҳо, таъамини амнияти мактабҳо ва нигаҳдории силоҳ дур аз дастрасии касоне, ки барои худ ва дигарон таҳдид эҷод мекунанд, тамоми ончиро дар тавонаш аст, анҷом диҳад.”
Пеш аз ин, дар моҳи феврал дар як тирандозӣ дар мактаби аёлати Флорида 17 нафар кушта шуданд. Ин тирандозӣ сабаб гардид, ки баҳсҳо дар заминаи назорати силоҳҳо дар Амрико шиддат ёбад.