Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сергей Скрипал аз бемористони Солсберӣ мураххас шуд


Сергей Скрипал дар додгоҳи Русия
Сергей Скрипал дар додгоҳи Русия

Корманди пешини Идораи истихбороти Русия Сергей Скрипал аз бемористони Солсберии Британия мураххас шуд. Дар ин бора Хадамоти миллии беҳдошти Британия рӯзи 18-уми май хабар дод.

Сергей Скрипал ва духтари ӯ Юлия рӯзи 4-уми март дар шаҳри Солсберӣ дар ҳоли беҳушӣ пайдо шуданд. Лондон мегӯяд, онҳоро бо гази фалаҷкунандаи асаб - "Новичок", ки дар Шӯравии собиқ тавлид мешуд, заҳролуд карданд. Маскав даст доштанаш дар ин ҳамларо борҳо рад кардааст.

Сӯиқасд ба ҷони Скрипал бӯҳрони ҷиддиеро дар равобити байни Лондон ва Маскав ба бор овард. Ба нишони ҳамдилӣ бо Британия, дастикам 30 давлат эълон карданд, ки сафирони русро аз қаламравҳои худ хориҷ мекунанд. Русия дар посух сафирони кишварҳои Ғарбро берун кард.

Намояндаи Вазорати умури хориҷии Русия Мария Захарова чанд давлат - Британия, Чехия, Словакия ва Шветсияро макони эҳтимолии тавлиди "Новичок" номбар кард. Президенти Чехия Милош Земан гуфт, заҳри А-230 - маводи марбут ба "Новичок" - дар Чехия истеҳсол мешуд. Аммо хадамоти махсус ва ҳукумати ин кишвар иддаои президентро рад кард.

XS
SM
MD
LG