Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳомиёни ҳуқуқ дар СММ куштори фаластиниҳоро маҳкум карданд


Навори Ғазза
Навори Ғазза

Шӯрои Амнияти СММ рӯзи сешанбе дар як ҷаласаи ғайринавбатӣ вазъи навори Ғазаро баррасӣ кард. Дар Ғаза ахиран миёни фаластиниҳо ва исроилиҳо низоъ бархост. Хунрезие, ки дар низои охир сурат гирифт, дар панҷ соли охир мушоҳида нашуда буд, менависад "Садои Амрико".

Дар навори Ғаза ҳазорон фаластинӣ дар маросими ҷанозаи кушташудаҳои иқдомҳои эътирозии рӯзи 14 май ширкат карданд. Гуфта мешавад, дар задухӯрдҳои ахир 62 кас кушта шудааст.

Николай Младенов, фиристодаи махсуси СММ дар умури Шарқи Наздик ба пайвандони қурбониён изҳори ҳамдардӣ кард. Вай гуфт, ҷомеаи байналхалқӣ "бо қатъияти тамом" ҳодисаҳои ахиреро маҳкум мекунад, ки дар марз бо Исроил рух доданд.

"Бино бар иттилои сарчашмаҳои мухталиф, 14 май ҳадди ақал 60 одам, аз ҷумла 6 кӯдак кушта ва бештар аз 1300 тани дигар ҷароҳат бардоштааст. Як сарбози исроилӣ маҷруҳ шудааст", - гуфт Младенов.

Дар ҳамин ҳол, Комисари олии СММ дар умури ҳуқуқи инсон мегӯяд, "чунин бардошт ҳосил мешавад, ки ҳар кӣ дар фосилаи 700 метр аз марз қарор дошта бошад, кушта мешавад".

XS
SM
MD
LG