Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози сафари вазири умури хориҷии Эрон ба кишварҳои узви "созиши ҳастаӣ"


Муҳаммадҷавод Зариф
Муҳаммадҷавод Зариф

Вазири умури хориҷии Эрон Муҳаммадҷавод Зариф рӯзи якшанбе вориди Пекин, пойтахти Чин шуд. Ба иттилои расонаҳои эронӣ, қарор аст, Зариф аз пойтахтҳои як қатор кишварҳои дигар боздид ва ба ҳифзи созишномаи ҳастаӣ, ки баъди бурунрафти ИМА дар вартаи фаност, талош кунад.

Зариф баъд аз ворид шудан ба Пекин гуфт, бо мақомоти Чин иқдомҳои эҳтимолии Теҳронро баррасӣ хоҳад кард. Ӯ афзуд, Эрон ба тамоми гузинаҳо омодааст. Вазири умури хориҷии Эрон, ки қарор аст, бо ҳамтои чинияш Ван И мулоқот кунад, ба муносибатҳои Теҳрону Пекин баҳои баланд дод.

Зариф дар робита ба ташаннуҷи якбораи авзоъ дар Ховари Миёна баъд аз зарбаҳои нирӯҳои Исроил ба Сурия озими пойтахти кишварҳои абарқудрат шуд. Дар натиҷаи ин зарбаҳо дастикам 11 ҷангҷӯи эронии муқими Сурия кушта шуд.

Вазири умури хориҷии Эрон баъд аз Пекин барои машварат дар робита ба созиши ҳастаии соли 2015 озими шаҳрҳои Москва ва Брюссел хоҳад шуд. Ин созишнома миёни Эрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ -- Чин, Русия, Фаронса, ИМА, Бритониё ва Олмон имзо шудааст ки дар ивази коҳиши назарраси барномаи ҳастаии Теҳрон лағви таҳримҳои иқтисодии зидди Эронро пешбинӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG