Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тағйироти кадрӣ дар сохтори прокуратураи Тоҷикистон


Юсуф Раҳмон, додситони кулл ва зердастонаш дар мулоқот бо президент. Акс аз дафтари матбуоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 11-уми май бо афроди тозатаъйин дар мақомоти додситонӣ, Палатаи ҳисоб ва ширкати "Барқи тоҷик" мулоқот кард.

Бино ба хабари вебсайти президент Эмомалӣ Раҳмон, рӯзи ҷумъа додситони шаҳри Бохтар, ноҳияҳои Темурмалик, Вахш, Шамсиддини Шоҳин ва муовини додситони вилояти Хатлон, додситони ноҳияҳои Шуғнон, Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва додситони нав шуданд.

Дар дастгоҳи марказии Палатаи ҳисоб – сараудиторон ва дар дигар вазифаҳои сатҳи роҳбарии ин мақомот низ тағйироти кадрӣ сурат гирифт. Исми онҳо нашр намешавад.

Дар хабар инчунин омадааст, ки пешниҳоди президент дар робита ба вазифаи сараудитор таъйин намудани Собир Салимзода ба баррасии Маҷлиси намояндагон фиристода шуд.

Инчунин, рӯзи 11-уми май бо қарори ҳукумат Муҳаммад Ғуломзода муовини раиси ширкати “Барқи тоҷик” таъйин гардидааст.

Гузоришҳои видеоӣ

Низоми интиқоли пули муҳоҷирони тоҷик аз Русия тағйир меёбад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:41 0:00
XS
SM
MD
LG