Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беларус дар Ҳисор корхонаи трактор месозад


Дар шаҳри Ҳисор корхонаи тракторбарории Тоҷикистону Беларус фаъол хоҳад шуд. Ба гуфтаи масъулон, қисмҳои гуногуни трактор аз Беларус ба Тоҷикистон оварда шуда, дар ин корхона васлу насб мегардад.

Як манбаъ дар Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон рӯзи 11-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, корхона дар 20-километрии ғарби шаҳри Душанбе воқеъ аст ва маросими ифтитоҳи он дар рӯзҳои сафари расмии президенти Беларус Александр Лукашенко ба Тоҷикистон баргузор мешавад.

Александр Лукашенко
Александр Лукашенко

Манбаъ афзуд, дар марҳилаи аввал дар ин корхона солона то 300 трактори тамғаи "Беларус" тавлид карда мешавад ва ҳудуди 100 нафар бо ҷойи кор таъмин хоҳанд шуд. Соли оянда, ҳамчунин, дар назар аст дар Тоҷикистон корхонаи насби мошинҳои боркаш барои хадамоти шаҳрӣ, ба мисли обпошиву барфтозакунӣ ва интиқоли партобҳо, фаъол карда шавад. Ин корхона низ муштарак бо Беларус сохта мешавад.

Қаблан Комил Зокиров, муовини сардори раёсати мошинсозии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон гуфта буд, ки тракторҳо бо тамғаи "Дар Тоҷикистон тавлид шудааст" ба фурӯш гузошта хоҳад шуд. Вай гуфт, "дар марҳилаи аввал қисмҳои эҳтиётӣ аз Беларус ворид шуда, тракторҳо дар Тоҷикистон насбу васл мешаванд. Вале, минбаъд, бархе аз қисмҳои соддатари ин тракторҳоро дар корхонаҳои Тоҷикистон тавлид хоҳанд кард".

Корхонаи "ТоҷИрон"
Корхонаи "ТоҷИрон"

Солҳои қаблӣ дар Тоҷикистон корхонаи муштарак бо Эрон барои тавлиди тракторҳо бо ном "ТоҷИрон" фаъол буд, вале ба далели молӣ варшикаста шуд.

Ба навиштаи сайти беларусии "Belarus news", раиси ҷумҳури ин кишвар Александр Лукашенко пас аз нишасти Шӯрои олии созмони иқтисодии АвруОсиё, ки рӯзи душанбеи оянда дар Сочӣ баргузор мешавад, 16-уми май бо сафари расмӣ озими Тоҷикистон хоҳад шуд.

Манбаъ мегӯяд, Александер Лукашенко дар Душанбе бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон мулоқоти як ба як хоҳад дошт ва сарони ду кишвар роҷеъ ба рушди ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва бунёди корхонаҳои муштарак гуфтугӯ хоҳанд кард. Иштирок дар ифтитоҳи Намоишгоҳи молу маҳсулоти Беларус дар Душанбе, аз дигар бахшҳои муҳими сафари Лукашенко ба Тоҷикистон будааст.

Дар ҷараёни ин сафар форуми соҳибкорони ду кишвар дар назар гирифта шудааст ва қарор аст дар он намояндагони ҷомеаи тиҷоратии Афғонистон низ ширкат кунанд.

XS
SM
MD
LG