Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари раиси КДАМ-и Тоҷикистон ба Кобул


Ҳайати Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар раъси раҳбари ин ниҳод Саидмумин Ятимов рӯзҳои 7-9 май аз Кобул дидан кардааст. Ба иттилои хабаргузории давлатии "Ховар", ҳайати КДАМ-и Тоҷикистон дар ин сафар бо сарони ниҳодҳои амниятии Афғонистон, аз ҷумла Маъсум Станакзай, раиси Раёсати умумии амнияти миллии он кишвар, Баҳром Ториқшоҳ, вазири дифоъ, Аҳмад Вайс Бармак, вазири умури дохилӣ ва Ҳаниф Атмар, мушовири амнияти миллии Афғонистон, мулоқоту гуфтугӯ намуд.

Манбаъ мегӯяд, ки таъмини амният дар марзҳо, мубориза бо терроризм, ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир ва аслиҳа, аз мавзӯъҳои меҳварии ҳайати амниятии Тоҷикистон бо масъулони ниҳодҳои зидахли Афғонистон будааст. Ҳайати КДАМ-и Тоҷикистон ҳамчунин аз сӯи раиси ҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ пазируфта шудааст ва ҷонибҳо ба таҳкими муносибатҳо миёни ду кишвар таъкид кардаанд.

Ин дувумин сафари раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба кишварҳои минтақа давоми камтар аз як моҳи ахир аст. Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон рӯзи 16-уми апрел ба Тошканд -- пойтахти Узбекистон сафар карда буд.

XS
SM
MD
LG