Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Журналист аз толори додгоҳ озод шуд


Рӯзи 7 май додгоҳи парвандаҳои ҷиноии шаҳри Тошканд муҳокимаи журналист Бобомурод Абдуллоев ва се шаҳрванди дигарро анҷом дода ӯву ҳамроҳонашро аз толори додгоҳ раҳо кард. Абдуллоев ва ҳамроҳонаш аз рӯи як парвандаи фасод муҳокима шуданд.

Абдуллоев бо ҳукми додгоҳ аз рӯи моддаи 159, қисми 1, бахши «б»-и Кодекси ҷиноии Узбекистон гунаҳгор эълон шуд ва якуним соли корҳои иҷборӣ бо пардохти 20% маоши моҳонааш маҳкум шуда ба озодӣ баромад. Баробар бо Абдуллоев аз толори додгоҳи Тошканд блогнавис Ҳаётхон Насриддинов ва инчунин соҳибкорони маҳаллӣ Шавкат Оллоёров ва Равшан Салаев дар курсии айбдоршавандаҳо нишаста буданд. Онҳо низ аз толори додгоҳ озод шуданд.

Бобомурод Абдуллоев рӯзи 27 сентябри соли 2017 боздошт ва дар нашри матолиби интиқодӣ бо лақаби «Усмон Ҳақназар» дар интернет маҳкум шуд. Мақомот гуфтанд, ки навиштаҳои Усмон Ҳақназар зидди сохти конститутсионӣ равона шудааст.

Худи журналист баъди озод шудан аз толори додгоҳ рӯзи 7 май ба матбуот гуфт, ки ба тантанаи адолат бовар дошт ва аз ҳамаи онҳое, ки ӯро дар фурсати ҳабсаш пуштибонӣ карданд, ташаккур кард. Бобомурод Абдуллоев, аз ҷумла гуфт: «Хеле шодам, ки маро озод карданд. Ман хеле ҳаяҷонзада ҳастам. Сӯҳбат кардан душвор аст. Вале ман дастгирии мардум ва онҳоеро, ки ба озодии сухан ва озодӣ эҳтиром дорам, эҳсос мекардам. Дар пушти ман дар тамоми ин муддат Худо буду тамоми онҳое, ки озодии сухан, озодии инсон ва матбуотро эҳтиром мекунанд.

Ман дар ин муддат бисёр вақт ҳодисаи боздошти Муҳаммади Бекҷонро ба ёд меовардам. Вақте ҷомеаи ҷаҳонӣ барои озод шудани ӯ садо баланд кард, раҳбарияти собиқ ин ҳама даъватҳоро бо тини пуччак ҳам баробар надонист. Ҳоло ҳукумат дигар шудааст ва президент Мирзиёев аз сиёсати дастгирии озодиҳои сиёсӣ кор гирифтааст».

Дар баробари фаъолони дигар, барои озод шудани Бобомурод Абдуллоев созмонҳои бонуфузи ҳомии ҳуқуқи инсон, аз ҷумла, Human Rights Watch мубориза бурдаанд.

XS
SM
MD
LG