Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷорҷ Буши калонӣ аз бемористон ба хонааш баргашт


Ҷорҷ Буши калонӣ
Ҷорҷ Буши калонӣ

Ҷорҷ Буши калонӣ – раиси ҷумҳури собиқи Амрико – рӯзи 4-уми май аз бемористоне дар Ҳюстон мураххас шуд ва ба хонааш баргашт. Буши 93-сола рӯзи 22-юми апрел, пас аз дафни ҳамсараш дар шифохона бистарӣ гардид.

Барбара Буш, ҳамсари Ҷор Буши калонӣ, ки беш аз 70 сол зиндагии муштарак доштанд, рӯзи 17-уми апрели имсол даргузашт.

Ҷим Макграт, намояндаи расмии хонаводаи Ҷорҷ Буш дар рӯзи 4-уми май дар “Твиттер” навишт, "пизишконаш мегӯянд, худро хуб ҳис мекунад ва аз бозгашт ба хона хушҳол аст".

Ҷорҷ Буши калонӣ аз соли 1989 то соли 1993 раиси ҷумҳури Амрико буд. Вай падари Ҷорҷ Буши хурдист, ки аз соли 2001 то 2009 раёсати Кохи Сафедро бар уҳда дошт. Инчунин, падари Ҷеб Буш, волии собиқи Флорида аст, ки дар интихоботи соли 2016 яке аз довталабони курсии президентӣ дар Амрико буд.

XS
SM
MD
LG