Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯҳонӣ гуфт, маҳдудияти “Телеграм” кори ҳукумати ӯ нест


Ҳасан Рӯҳонӣ

Ҳасан Рӯҳонӣ – раиси ҷумҳури Эрон – маҳдудияти хадамоти “Телеграм”-ро шадидан интиқод кард ва гуфт, ки ҳукумати ӯ аз ин иқдом ҳимоят намекунад. Ин маҳдудият аз тарафи ниҳоди адлия ва додгоҳии Эрон ҷорӣ шудааст.

Рӯҳонӣ рӯзи 4-уми май дар саҳифаи худ дар “Инстаграм” навишт, “маҳдудият на дастури ҳукумат аст ва на ҳукумат онро таъйид кардааст”.

Додгоҳи фарҳангӣ ва расонаии Эрон рӯзи душанбеи гузашта мамнӯияти “Телеграм”-ро эълон кард. Додгоҳ барои тақвияти тасмимаш гуфт, “Телеграм” барои созмондиҳии иқдомоти таҳдиддомез бар амнияти Эрон, аз ҷумла эътирозҳои зиддиҳукуматӣ дар моҳи декабри соли гузашта ва январи имсол, ҳамалҳо бар порлумон ва мазори Оятуллоҳ Хумайнӣ дар моҳи июни соли гузашта истифода шудааст.

Гуфта мешавад, тақрибан нисфе аз аҳолии 80 миллионнафарии Эрон барои иртибот ва ҳамчунон тиҷорату саргармӣ аз паёмрасони “Телеграм” истифода мекунанд.

Гузоришҳои видеоӣ

Низоми интиқоли пули муҳоҷирони тоҷик аз Русия тағйир меёбад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:41 0:00
XS
SM
MD
LG