Киштиҳои НАТО, бо шумули мушакбари Британия, киштиҳои ҷангии Испания, Олмон, Юнон, Руминия ва Булғористон ба қаламрави обҳои Баҳри Сиёҳ ворид шуданд. Тавре фармондеҳии дарёии НАТО рӯзи чоршанбе хабар дод, ин киштиҳо барои иштирок дар тамринҳои низомӣ озими баҳри Эгей шудаанд.
Соли равон киштиҳои НАТО чанд дафъа ба Баҳри Сиёҳ ворид шуданд. Аз ҷумла, моҳи ферал киштии ҷангии ИМА, муҷаҳҳаз бо мушакҳои болдори "Тамаҳавк", дар ин баҳр тарандозӣ аз тупхонаҳоро тамрин карданд. Маскав он замон гуфта буд, ки онҳо мехоҳанд "Русияро таҳрик диҳанд".