Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳурогарон роҳи байни Ереван ва фурудгоҳро масдуд карданд


Садҳо нафар дар Арманистон рӯзи 2 май шоҳроҳи байни Ереван ва фурудгоҳи Звартнотсро масдуд карднд. Ин амал дар вокуниш ба даъвати раҳбари тазоҳурот Никол Пашинян анҷом шуд, ки мардумро ба коршикании умумӣ даъват кард. Таҳаввулот дар ҳоли идома ёфт, ки рӯзи гузашта порлумон алайҳи тасдиқи номзадии Пашинян ба мақоми нахуствазир овоз дод. Нерӯҳои амниятӣ дар атрофи фурӯдгоҳи Звартност мустақар шуданд.

Дар бахшҳои дигари Ереван гурӯҳи донишҷӯён дубора ба кӯча баромада, баъзеи онҳо ба шаҳракҳои донишҷӯён рафтанд, то ҳамтоҳои худро ба намоиши эътирозӣ даъват кунанд.

Рӯзи 1 май 45 нафар дар порлумон ба тарафдории Пашинян ва 55 намояндаи мардумӣ муқобили ӯ райъ доданд. Овоздиҳӣ дар ҷаласаи махсуси порлумон дар ҳоле анҷом шуд, ки раҳбари ҷиноҳи порлумонии ҳизби Ҷумҳурихоҳи Арманистон Ваграм Багдасарян гуфт, ки ҳизби ӯ ба муқобили Пашинян райъ медиҳад. Бинобар қонуни асосии Арманистон тасдиқ нашудани номзад дар ҷаласаи аввал, овоздиҳии такрориро дар назар мегирад, ки ба рӯзи 8 май барномарезӣ шудааст.

Багдасарян ва Пашинян гуфтанд, то баргузории райъдиҳӣ бо ҳам музокирот мекунанд.

XS
SM
MD
LG