Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Доналд Трамп: "Ҷанги Корея тамом мешавад"


Мулоқоти Ким Чен Ун ва Мун Ҷе Ин
Мулоқоти Ким Чен Ун ва Мун Ҷе Ин

Доналд Трамп, президенти Амрико, аз мулоқоти раҳбарони Кореяи Шимолӣ ва Ҷанубӣ - Ким Чен Ун ва Мун Ҷэ Ин ва созишҳои ҳосилшуда истиқбол кард.

"Ҷанги Корея поён меёбад! Амрико ва ҳамаи одамони хуби мо аз он чӣ дар Корея мегузарад, бояд ифтихор кунанд!", - навишт Трамп рӯзи 27-уми апрел дар Твиттер.

Ӯ мулоқоти раҳбарони Кореяро ҳодисаи "таърихӣ" номид, вале гуфт, танҳо вақт нишон медиҳад, ки ин мулоқот то чӣ андоза роҳи муваффақиятро барои равобити дуҷониба боз мекунад. Трамп ҳамчунин аз раҳбари Чин Сӣ Ҷин Пин барои таъсиргузорӣ ба мавқеи раҳбари Кореяи Шимолӣ изҳори сипос кард.

Раҳбарони Кореяи Шимолӣ ва Ҷанубӣ рӯзи ҷумъа дар минтақаи ғайринизомии марзи ду кишвар мулоқот карданд. Ду раҳбар дар эъломияи муштарак гуфтанд, то охири сол қарордоди сулҳро имзо мекунанд, ки ба вазъи ҷангӣ дар байни ду Корея расман хотима мегузорад.

Мун Ҷэ Ин гуфт, тарафҳо ҳамчунин аҳд карданд, ки барои халъи силоҳ шудани Кореяи Шимолӣ якҷо кор мекунанд.

Маҳз барномаи мушакиву ҳастаии Кореяи Шимолӣ боиси нигаронии Вашингтон буд. Трамп қаблан аз эълони моротория ба истифодаи силоҳи ҳастаӣ дар Кореяи Шимолӣ истиқбол карда буд.

Вазорати умури хориҷии Русия мулоқоти ду раҳбарро "қадами пураҳамияти Сеул ва Пхенян ба сӯи мусолиҳаи миллӣ" номид.

Ким Чен Ун нахустин раҳбари Кореяи Шимолӣ аст, ки аз соли 1953 ба Кореяи Ҷанубӣ сафар кард.Он замон созиши сулҳ ҳосил шуд, аммо қаророри сулҳ то ҳол имзо нашуда буд.

XS
SM
MD
LG