Пулиси Афғонистон мегӯяд, ки рӯзи 24 апрел мавҷи нави ҳамлаҳои Толибон дастикам нӯҳ сарбоз ва афсари пулисро қурбон кард.
Муҳамамд Носир Меҳрӣ, сухангӯи волии вилояти Фароҳ гуфт, ки дар пайи ҳамлаи Толибон ба постгоҳи ноҳияи Бала Булук камаш панҷ сарбоз кушта ва ду нафар захмӣ шуд.
Ба гуфтаи Меҳрӣ, дар ҷараёни даргирӣ, ки соатҳо идома дошт, шаш ҷангии Толибон низ ба ҳалокат расид ва се нафари дигар захм бардошт.
Ҳамзамон бо ин хабар, Толибон масъулияти ҳамла ба вилояти Ғазниро, ки чаҳор узви пулиси маҳаллиро кушта бар ҷой гузошт бар дӯш гирифт. Дар ин ҳуҷум ҳафт нафари дигар захмӣ шуд.
Сухангӯи волии вилоят Ориф Нурӣ мегӯяд, ки ҳамлагарон постгоҳи амниятӣ дар минтақаи Ҷағатуро ҳадаф қарор дода, аз тӯпхона ва партобгари норинҷакҳои мушакӣ истифода карданд.
Забиҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон дар як паём ба матбуот масъулияти ҳамлаи Ғазниро бар дӯш гирифт.