Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп нархи баланди нафтро "ғайри қобили қабул" номид


Сергей Елкин - танзи рӯз
Сергей Елкин - танзи рӯз

Раиси ҷумҳури ИМА Доналд Трамп нархи феълии нафт дар бозори ҷаҳониро болоравии сунъӣ унвон кард. Президент дар Твиттер навишт, сарфи назар аз фаровонии нафт, қиматҳо дар бозори ҷаҳонӣ боло мераванд ва ин "қобили қабул" нест. Трамп Созмони кишварҳои истеҳсолкунандаи нафт - ОПЕК-ро муттаҳам кард.

Рӯзи панҷшанбе гуфтушуниди бузургтарин истеҳсолкунандагони нафт, ҳам кишварҳои узви ОПЕК ва ҳам давлатҳои хориҷ аз он, бо шумули Русия, дар Арабистони Саудӣ ҷараён мегирад.

Созиши як соли пеши ин давлатҳо барои кам кардани истеҳсоли ҳамарӯзаи нафт, қимати нафтро беш аз якуним баробар боло бурд ва ҳоло нархи як бушка нафт ба 70 доллар расидааст. Дар ин нишаст, қарор аст, маҳдудияти истеҳсол нармтар шавад. Русия ҳам ба ин пешниҳод мухолиф нест.

Уфти шадиди қимати нафт дар соли 2014, қурби рубли русиро башиддат поён овард. Сарфи назар аз афзоиши нарх дар моҳҳои охир, рубл ҳамоно мустаҳкам нашудааст.

XS
SM
MD
LG