Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Падари муҷрими "сӯиқасд ба ҷони Мирзиёев" озодии писарашро дархост кард


Шавкат Мирзиёев ва Алмосбек Отамбоев
Шавкат Мирзиёев ва Алмосбек Отамбоев

Падари Достонбек Саримсоқов, нафаре, ки ба гуфтаи мақомот дар рӯзҳои сафари президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба Қирғизистон дар шаҳрҳои Ӯш ва Бишкек инфиҷор ташкил кард ва ба "талоши сӯиқасд ба ҷони раиси ҷумҳури кишвари ҳамсоя" гунаҳкор шуд, мегӯяд, писарашро бегуноҳ зиндонӣ карданд.

"Мирзиёев рӯзи 5-уми сентябри соли гузашта ба Қирғизистон омад, вале писари маро 2-юми сентябр боздошт карданд. Ӯро айбдор карданд, ки гӯё талош дошт "Мирзиёев, бинои сафорат ва калисоро тарконад". Гӯё писари ман ба танҳоӣ мехост, якбора се таркишро амалӣ кунад. Дар чунин ҳолат вай бояд ҳадди ақал як ҳамаслак медошт. Ҳоло ман аз мақомот талаб дорам, ки воқеӣ будани ин айбҳоро исбот кунанд. Аммо то имрӯз ҳеч далели айбдории ӯ вуҷуд надорад", - гуфт Хурсандбек Саримсоқов - падари Достонбек.

Сокини 30-солаи деҳаи "Ғайрат"-и ноҳияи Қарасуи Қирғизистон Достонбек Саримсоқов рӯзи 2-юми сентябри соли 2017 аз сӯи мақомоти қирғиз боздошт шуд. Мақомот гуфтанд, ки дар манзили зисти ӯ як халта моддаи тарканда ошкор шуд.

Падари Достонбек Сармисоқов мегӯяд, ки дар манзили писараш моддаи тарканда вуҷуд надошт.

XS
SM
MD
LG