Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷангиёни Толибон ба қароргоҳи ҳукуматӣ дар ҷанубушарқи Афғонистон ҳамла карда, беш аз даҳ нафар, аз ҷумла волии маҳаллиро ба қатл расониданд. Мақомоти вилояти Ғазнӣ гуфтанд, ки дар ҳамлаи шаби 12 апрел Толибон ба мамъурияти ноҳияи Хоҷаумар, воливу полис ва афсарони амниятӣ ҳам кушта шуданд. Муовини раиси полиси вилоят Рамазон Алӣ Мӯҳсинӣ гуфт, ки дар натиҷаи даргирии баамаломада, ки шаби 11 ба 12 апрел сар шуда то субҳ идома кард, 25 ҷангии Толибон низ кушта шуд.

Мӯҳсинӣ гуфт, ки вазъ феълан таҳти контроли нирӯҳои давлатӣ аст. Ғуломсахӣ Умар, як узви шӯрои вилояти Ғазнӣ гуфт, ҳамлагарон баъди он ки аз дохили қароргоҳи раиси ноҳия силоҳу дастгоҳҳоро берун оварданд, худи биноро оташ заданд. Толибон масъулияти анҷоми ин ҳамларо ба дӯш гирифта гуфтанд, ки дар ин ҳамла 20 узви нирӯҳои амниятии Афғонистон кушта чандин нафар захмӣ шуданд. Ба иддаои Толибон, аз ҷониби онҳо се нафар кушта ва чор тан захмӣ шудааст. Ин ҳодиса дар шароите рух дод, ки баъди дар соли 2014 аз Афғонистон берун шудани нирӯҳои НАТО, ҳукумати рӯ ба ғарби Кобул талош дорад бо кӯмаки нирӯҳои худ зидди шӯришиёну ҷангиён мубориза барад.

Видеоҳои охирин

Таҷлили истеъфои нахуствазири Арманистон
лутфан мунтазир бошед
Embed

No media source currently available

0:00 0:01:09 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG