Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари Исроил Эронро ҳушдор дод


Нахуствазир Бенямин Нетаняҳу дар ҳоле, ки дар маросими поси хотири 6 миллион яҳудии қурбонии ҷанги дуюми ҷаҳон иштирок мекард, Эронро ҳушдор дод, ки Исроилро насанҷад ва Теҳронро бо Олмони нозӣ муқоиса кард.

Рӯзи 11 апрел дар маросими поси хотири қурбониҳои Ҳолокост дар муассисаи “Яд вашем”-и шаҳри Байтулмуқаддас Нетаняҳу гуфт: “Дар замони Ҳолокост (қатли оми яҳудиҳо) мо бечора, бе кӯмаку дифоъ ва бесадо будем. Дар воқеъ, садои мо аслан шунида намешуд. Ҳоло мо як кишвари қавӣ ва артиши пурқудрат дорему садои мо дар миёни ҳамаи дигари кишварҳо шунида мешавад”.

Нетаняҳу Эронро аз таъсиси ҳузури доимии низомӣ дар Сурия ҳушдор дод. Изҳороти раҳбари Исроил ду рӯз баъди он садо дод, ки як пойгоҳи низомии Сурия мушакборон шуд ва Сурияву Эрон масъулияти ин ҳамларо ба дӯши Исроил вогузоштанд. Дар ин ҳамла 14 ҷангии рӯ ба ҳукумат, аз ҷумла 7 сарбози эронӣ кушта шуд.

Эрон дар давоми ҳафт соли ҷанг дар Сурия пуштибони ҳукумати Башор Асад буд ва зидди шӯришиёни суннимазҳаб ҷангид. Баъди ҳамлаи мушакии 9 апрел Эрон таҳдид кард, ки ба Исроил посух хоҳад дод ва дар пай Телавив артиши худро дар ҳолати омодабош қарор дод.

XS
SM
MD
LG