Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири хориҷаи Кореяи Шимолӣ ба Душанбе сафар мекунад


Дар Душанбе рӯзҳои 13 то 15 апрел мулоқоти вазирони хориҷаи Тоҷикистон ва Ҷумҳуриии Мардумии Демократии Корея – Кореяи Шимолӣ – Сироҷиддин Аслов ва Ли Ён Ҳо дар назар гирифта шудааст. Дар ин бора вебсайти вазорати хориҷаи Тоҷикистон хабар медиҳад. Барномаи музокирот ва гуфтугӯҳои ду ҷониб нашр намешавад.

Хабаргузориҳои русӣ мегӯянд, ки ба Душанбе вазири Кореяи Шимолӣ аз Маскав ворид мешавад. Ли Ён Ҳо аз 9 апрел ба ин сӯ дар Русия ба сар мебарад ва қарор аст то рӯзи 12 апрел бо мақомоти ин кишвар, аз ҷумла намояндаи президенти Русия дар Шарқи Дур Юрий Трутнев ҳам гуфтугӯ барпо мекунад.

XS
SM
MD
LG