Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Остона ба Лубнон артиши посдори сулҳ мефиристад


Сарбозони Қазоқистон барои ворид шудан ба неруҳои посдори сулҳ омода мешаванд
Сарбозони Қазоқистон барои ворид шудан ба неруҳои посдори сулҳ омода мешаванд

Талгат Мухторов, ноиб-вазири мудофиаи Қазоқистон гуфт, кишвараш тасмим дорад, соли ҷорӣ ба Лубнон артиши посдори сулҳ фиристад.

"Мо ҳоло барои фиристодани қисме аз артиши посдори сулҳамон омодагӣ мебинем. Чанд муддат мо дар бахши фаъолияти посдории сулҳ танҳо афсаронро ба ҳайси нозир фиристодем", - гуфт Мухторов. Ба гуфтаи вай, омодагиҳои зарурӣ пушти сар шудаанд.

"Баъзе ҷузъиёте боқӣ мондааст, ки бар пояи талаби СММ анҷом мешаванд. Тирамоҳи соли ҷорӣ мо ҳудуди 120 сарбозро ба яке аз кишварҳо хоҳем фиристод. Ба эҳтимоли зиёд ин Лубнон хоҳад буд", - гуфт Мухторов.

Бар асоси тағйирот ба қонунгузории Қазоқистон, ки соли 2015 қабул шуд, ҳукумати кишвар бо иҷозати ду палатаи порлумони Қазоқистон метавонад ба хориҷ артиши посдори сулҳ фиристад.

XS
SM
MD
LG