Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фотима Ниёзмамадова раҳбари намояндагии ширкати IRS таъин шуд


Фотима Ниёзмамадова раиси намояндагии ширкати Innovative Road Solutions (IRS) дар Тоҷикистон таъйин шуд. Ин хабарро Далери Абдулло, раиси дафтари матбуоти ширкати IRS, рӯзи 5-уми апрел ба Радиои Озодӣ тасдиқ кард.

Далери Абдулло гуфт, ки Фотима Ниёзмамадова солҳои ахир дар вазифаи муовини раиси Шӯрои нозирони намояндагии ширкати IRS дар Тоҷикистон кор мекард, ки “муҳимтар аз вазифаи раиси намояндагии ин ширкат дониста мешавад”.

Сухангӯи намояндагии ширкати IRS мегӯяд, ки “ҳарчанд ихтисоси хонум Ниёзмамадова ба роҳсозӣ ва нақлиёт марбут нест, аммо муҳим аст, ки ӯ дар ин ширкат таҷриба андухтааст ва бо мушкилоти кор ошно аст”.

Раиси пешини ширкати IRS Асомиддин Азизов рӯзи 3-уми апрел аз мақомаш барканор шуд. Сухангӯи IRS гуфт, ки «Азизов ба далели вазъи саломаташ бо хоҳиши худ аз вазифа рафт”.

"Азизов тақрибан панҷ сол ба ҳайси раиси ин ширкат фаъолият дошт ва дар ин муддат барои таъмиру тармим ва нигоҳдории роҳҳои таҳти назораташ дар Тоҷикистон корҳои муҳиме анҷом дод”, гуфт сухангӯи ширкат.

Ширкати Innovative Road Solutions соли 2009−ум дар минтақаи офшории Ҷазираҳои Вирҷинияи Бритониё сабтином шуд. Дар Тоҷикистон танҳо филиали он амал мекунад. Масъулияти нигоҳубин ва пулчинӣ аз роҳи Душанбе-Чаноқ тибқи як созишномаи консесионӣ соли 2009 бо ҳукумати Тоҷикистон ба ихтиёри ин ширкат вогузошта шудааст.

Ин созишномаро вакилони порлумони Тоҷикистон ҳам он замон ҷонибдорӣ карданд, ҳарчанд касе аз вакилон намедонист, молики аслии ин ширкат кист. То ба ҳол ҳадсу фарзияҳои фаровоне роҷеъ ба моликони ин ширкат дар расонаҳо ва миёни мардум сайр дорад.

Видеоҳои охирин

Сокини Данғара дар талоши дастдарозӣ ба сайёҳи хориҷӣ гумонбар шуд
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:43 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG