Сокинони ду русто дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон занозанӣ кардаанд. Дар ин бора мақомоти маҳаллӣ ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ хабар доданд. Онҳо гуфтанд, муноқиша рӯзи 3-юми апрел дар мавриди тақсими замин сар зад.
Гуфта мешавад, аз ду тараф чандин нафар ҷамъ омада, намояндагони мақомоти интизомӣ ва марзбонҳо низ ба ҷои ҳодиса расидаанд.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ порае аз навори занозании ин гуруҳи сокинон нашр шудааст. Дар видео дида мешавад, ки ду тараф ба сӯи якдигар санг меандозанд. Дар бораи осебдидаҳо гузориш нашудааст.
Дар хадамоти марзбонии Қирғизистон гуфтаанд, ки хабарро таҳқиқ доранд.
Тоҷикистону Қирғизистон аз 976 километр марзи муштарак 504 километрро таъйину аломатгузорӣ кардаанд. Дар минтақаҳои аломатгузоринашудаи марз бахусус дар манотиқи марзии вилоятҳои Суғд ва Бодканд, борҳо сокинон барои обу чарогоҳ даст ба гиребон шудаанд ва чанд нафар ҳам дар муноқишаҳо кушта шудаанд.
Соли 2014 дар манотиқи марзӣ, алалхусус дар марзи ноҳияҳои Исфараву Бодканд, байни сокинон ва марзбонҳои ду тараф 30 муноқишаву таниши марзӣ рух додаанд, ки бар асари онҳо чанд нафар кушта шуданд.