Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Савченко бо гумони омодагӣ ба табаддулоти давлатӣ боздошт шуд


Вакили порлумони Украина Надежда Савченко бо гумони омодагӣ ба табаддулоти давлатӣ боздошт шуд. Порлумони Украина рӯзи панҷшанбеи 22-юми март бо аксари оро ба Додситонии кулли ин кишвар иҷозат дод, ки Савченкоро ба ҳабс бигирад.

Ба гуфтаи додситони кулли Украина Юрий Лутсенко, Савченко бо ҳамроҳи раҳбари қаблан боздоштшудаи созмони "Қисми афсарон" барои табаддулоти давлатӣ дар ин кишвар омодагӣ медидаанд. "Барои сарнагуни сохти конститутсионӣ, ғасби ҳукумат бо зӯрӣ, омодагӣ ба ҳамла, сӯиқасд ба ҷони президент, сарвазир, девони вазирон, вакилони порлумон ва раҳбарони аҳзоби сиёсӣ бо ҳам забон як карда буданд", - изҳор дошт Лутсенко.

Ин вакили порлумони Украина ҳамчунин дар мусоидат ба фаъолияти гуруҳи террористии "Ҷумҳурии мардумии Донетск" ва харидорӣ, нигаҳдориву интиқоли ғайриқонунии силоҳ айбдор мешавад.

Худи Савченко далелҳоеро, ки ба вакилон пешниҳод шуда буд, "ҳангомаи сиёсӣ" номида, гуфт, танҳо қасд дошт, ки ҳукуматро битарсонад. Ӯ дар мавриди харидории аслиҳа аз ҷудоихоҳон гуфт, мехост бо ҳар қиммате, ки бошад ҷангҳо дар Донбасс хотима ёбанд.

Лутсенко ҳамчунин ишора кард, ки эҳтимол дорад, пушти ин кӯшиши нокоми табаддулоти давлатӣ ошнои президенти Русия ва раҳбари ҳаракати "Интихоботи Украина - ҳаққи мардум" Виктор Медведчук бошад.

XS
SM
MD
LG