Муҳаббатшо Рӯзадоров, вакили Маҷлиси намояндагон дар синни 63-солагӣ даргузашт. Масъулини Маҷлиси намояндагон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, Муҳаббатшо Рузадоров субҳи имрӯз, 19-ум март дар манзили зисташ дар шаҳри Душанбе даргузашт. Ҳамкорони Рӯзадоров мегӯянд, ки ӯ аз бемории дил ранҷ мебурд. Ҷасади Рӯзадоров ба зодгоҳаш ноҳияи Рӯшон интиқол дода шуд ва қарор аст маросими ҷанозаи ӯ фардо, 20-уми март баргузор шавад.
Муҳаббатшо Рӯзадоров, 13 октябри соли 1955 дар ноҳияи Рӯшони вилояти Бадахшон таваллуд шудааст. Ӯ қаблан аз соли 2001 то 2010 ду даъват вакили палатаи поёнии порлумон буд. Пеш аз ин ду сол ҳамчун барномарези “Барномаи Инсоншиносии Оғохони IV барои Осиёи Марказӣ” кор кардааст. Рӯзадоров солҳои 2006-2009, муовини раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон буд.
Муҳаббатшо Рӯзадоров аз соли 2009 то 2014 ба ҳайси мушовири президенти Тоҷикистон оид ба илм ва технологияҳои муосир фаъолият кардааст. Баъд аз ин ӯ ба вазифаи мушовири бахши ёрдамчии президент оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа гузашт ва то соли 2015 ва то интихоб шуданаш ба вазифа вакилӣ дар ин вазифа буд.