Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номаи Эмомалӣ Раҳмон ба раҳбари Чин


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо Сӣ Ҷинпин, раиси ҷумҳури Чин ва ҳамсараш. Моҳи сентябри соли 2014, шаҳри Душанбе
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо Сӣ Ҷинпин, раиси ҷумҳури Чин ва ҳамсараш. Моҳи сентябри соли 2014, шаҳри Душанбе

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар як нома Сӣ Ҷинпинро барои дубора интихоб шуданаш ба мақоми раҳбари Чин табрик гуфтааст. Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон гуфт, ки ин нома рӯзи 17-уми март ирсол шуд.

Сӣ Ҷинпин, ки соли 2013 ба қудрат расид, як давраи панҷсолаи раёсати ҷумҳуриро паси сар кард. Порлумони он кишвар рӯзи 17-уми март ӯро бори дувум раиси ҷумҳур баргузид. Ба тарафдорӣ аз ӯ 2970 вакил раъй додаанд.

Дар гузашта раиси ҷумҳури Чин ҳақ дошт, танҳо ду давраи панҷсолӣ раёсат кунад. Аммо бар асоси ислоҳи Қонуни асосии Чин, ки ҳафтаи гузашта сурат гирифт, Сӣ Ҷинпин ҳақ дорад, бе маҳдудият дар қудрат бимонад.

Эмомалӣ Раҳмон дар номаи худ ба Сӣ Ҷинпин рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва “таҳкими нуфузу эътибори Чин дар арсаи байналмилалиро” дастоварди бемисли ӯ хондааст. “Интихоби якдилонаи дубораи Шумо ба ин мансаби олии давлатӣ нишонаи возеҳи дастгирии қавии роҳи сиёсии Шумо аз ҷониби ҷомеаи Чин мебошад”, - афзудааст Эмомалӣ Раҳмон.

Дар охир раиси ҷумҳури Тоҷикистон изҳори бовар кардааст, ки муносибати шарикии стратегии Душанбеву Пекин идома пайдо хоҳад кард.

Сӣ Ҷинпин моҳи сентябри соли 2014 ҳамроҳи ҳамсараш ба Тоҷикистон омада, як шом меҳмони хонаводаи президент Эмомалӣ Раҳмон низ буд.

Дар ҳоле ки Сӣ Ҷинпин барои дастовардҳои иқтисодӣ тавсиф мешунавад, кишвараш солҳо боз аз сӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ барои нақзи озодиҳои баён ва ақида, фишор ба рӯзноманигорон, интернет ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, интиқод мешавад.

XS
SM
MD
LG