Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се кишвари аврупоӣ хостори таҳримҳои нав алайҳи Эрон шуданд


Эммануэл Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса бо Ангела Меркел, садри аъзами Олмон ва Тереза Мей, нахуствазири Бритониё
Эммануэл Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса бо Ангела Меркел, садри аъзами Олмон ва Тереза Мей, нахуствазири Бритониё

Бритониё, Олмон ва Фаронса ба Иттиҳоди Аврупо пешниҳод кардаанд, ки алайҳи Эрон таҳримҳои тоза ҷорӣ намояд. Аз он пеш Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, низ хостори таҳримҳои бештари иқтисодӣ болои Эрон шуда буд.

Режими Башор Асад дар Сурия мардумро ба қатл мерасонад, бо хушунат мувоҷеҳ мекунад, гурусна нигаҳ медорад, мавриди таҷовузи ҷинсӣ қарор медиҳад ва алайҳи онҳо аз силоҳҳои кимиёвӣ кор мегирад.

Хабаргузории “Ройтерс” гузориш дод, ки ин се кишвар рӯзи 16-уми март санадеро ба қароргоҳи Иттиҳоди Аврупо фиристоданд ва он талоше аст, то Амрико барои мондан ба созиши ҳастаӣ миёни Эрону шаш қудрати бузурги ҷаҳонӣ ташвиқ шавад. Шаш қудрати бузурги ҷаҳон соли 2015 муомилаи ҳастаиро бо Теҳрон имзо карданд.

Аммо Доналд Трамп, раиси ҷумҳури феълии Амрико, яке аз мухолифони ин созиш аст ва ҳамвора интиқод мекунад.

“Ройтерс” ба нақл аз ду манбаъ гузориш дод, ки Бритониё, Олмон ва Фаронса аз Иттиҳоди Аврупо хостаанд, ки Эронро ба хотири озмоиши мушакҳои баллистикӣ ё дурпарвоз ва ҳамчунон нақшаш дар ҷанги Сурия бо таҳримҳои ҷадид рӯ ба рӯ созад. Бар асоси усули Иттиҳоди Аврупо бояд ҳамаи 28 узви ин иттиҳод таҳримҳои ҷадид болои Эронро тасдиқ кунанд.

Парчами Иттиҳоди Аврупо
Парчами Иттиҳоди Аврупо

Хабаргузории “Ройтерс” бахше аз санадро, ки ба Иттиҳоди Аврупо фиристода шудааст, ба нашр расонд. Дар ин санад гуфта шудааст, қудратҳои аврупоӣ мехоҳанд, дороии ашхоси даргир дар барномаи мушакии Эрон ё мудохилаи низомии ин кишвар дар Сурия баста шавад.

Дар ҳамин ҳол, Ҳерберт Макмастер, мушовири амнияти миллии Кохи Сафед, рӯзи 15-уми март дар мавриди нақши Эрон дар ҷанги Сурия гуфт, “режими Башор Асад дар Сурия мардумро ба қатл мерасонад, бо хушунат мувоҷеҳ мекунад, гурусна нигаҳ медорад, мавриди таҷовузи ҷинсӣ қарор медиҳад ва алайҳи онҳо аз силоҳҳои кимиёвӣ кор мегирад. Аз тамоми кишварҳои ҷаҳон мехоҳам, ба хотири хушунатҳое, ки алайҳи инсонҳо дар Сурия анҷом шудааст, Эрон ва Русияро масъул бидонанд.”

Ҳерберт Макмастер
Ҳерберт Макмастер

Бар асоси санаде, ки Иттиҳоди Аврупо аз тарафи Бритониё, Олмон ва Фаронса дастрас кардааст, таҳримҳои нав болои Эрон нақзи тавофуқномаи ҳастаӣ миёни ин кишвар ва қудратҳои ҷаҳон набуда, ҳамчунон қарор нест таҳримҳои пешина дубора барқарор шаванд.

Бо онки Доналд Трамп ҳушдор додааст, ки Амрико аз созиши ҳастаӣ бо Эрон берун хоҳад шуд, генерал Ҷозеф Вотел гуфт, муомилаи ҳастаӣ бо Теҳрон ба яке аз аз таҳдидҳои аслӣ аз сӯи он кишвар посух медиҳад. “Агар кишвар аз ин тавофуқ берун равад, бояд роҳи дигареро барои бархӯрд бо барномаи ҳастаии Эрон дарёбад”, - хулоса кард ӯ.

XS
SM
MD
LG