Раис ва мақомоти қудратии вилояти Самарқанди Узбекистон аз узбекистониҳои хориҷ даъват карданд, ки ба кишвар баргарданд. Раиси вилояти Самарқанд Туроб Ҷӯраев рӯзи 12-уми март дар ҳузури сокинон шахсан кафолат дод, ки шаҳрвандони аз хориҷ баргашта зиндонӣ нахоҳанд шуд.
Ойдин Раҳматова, сокини 62-солаи вилояти Самарқанд, ки дар ҷаласаи раиси вилоят ширкат дошт, гуфт, 5 сол инҷониб писараш Уткир Расуловро надидааст. Акнун баъди ваъдаҳои раис умедвор аст, ба зудӣ ба дидори писараш бирасад.
Уткир Расулов мегӯяд, мақомот ӯро ба дунболи боздошти дӯстонаш бо ҷурмҳои мазҳабӣ дар пайгарди қонун қарор доданд. Расулов баъди ин аз Русия ба зодгоҳаш барнагашт ва ҳоло пас аз ваъдаҳои роҳбарияти Самарқанд мехоҳад, бозгардад. "Ман то ҳол намедонам, ки чаро маро меҷӯянд ва ба чӣ айбдор мекунанд. Ҳоло мақомоти Самарқанд гуфтанд, ки маро сафед кардаанд ва даъват доранд, ки баргардам", - гуфт Уткир Расулов.
Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон дар як суҳбаташ бо имомхатибон дар таърихи 15-уми июни соли 2017 гуфта буд, ки "рӯйхати сиёҳ"-и афроди мазҳабӣ бознигарӣ шавад.