Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президент Путин оғози ҷанги сарди навро рад кард


Владимир Путин
Владимир Путин

Раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин, ки дирӯз аз бунёди силоҳҳои навтарини бенамуна хабар дод, дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии NBC назари таҳлилгарон дар борои оғози ҷанги сарди ҷадидро "таблиғот" номид. Путин ҳамзамон гуфт, ин ҷанг ҳанӯз соли 2002, замоне шурӯъ шуд, ки Амрико аз созишномаи сохтори муҳофизати зиддимушакӣ канор рафт.

Сӯҳбаи вежаи Путин бо шабакаи телевизиони Амрико, баъди паёми солонаи ӯ ба палатаи болоии порлумони Русия сурат гирифт. Қариб нисфи ин паём ба ситоиши тақвияти низомии Русия бахшида шуд. Паёми президент ҳамзамон бо пахши наворҳои видеоӣ ҷараён гирифт, ки силоҳҳои нави Русияро намоиш медод. Баъдан маълум, ки ин наворҳо 11 сол пеш дар барномаи "Ударная сила"-и шабакаи аввали телеваизиони Русия истифода шуданд.

Путин гуфт, ки ба наздикӣ мушакҳои ҳастаии навтарин ба таслиҳоти Русия ворид мешаванд, ки сохтори дифоии зиддимушакии Амрико ба он корагар нест.

Ба думболи изҳороти президент Владимир Путин дар бораи тақвияти силоҳи ҳастаии Русия, Пентагон гуфт, ки ин изҳорот барои онҳо "ғайричашмдошт" набуд . "Амрикоиҳо бояд нигарон набошанд. Мо комилан омодаем", - гуфт намояндаи Пентагон Дана Вайт рӯзи 1 март.

XS
SM
MD
LG