Малик Салмон бин Абдулазиз, подшоҳи Арабистони Саудӣ рӯзи душанбеи 26-уми феврал раиси Ситоди муштараки артиши ин кишвар ва бархе аз фармондеҳони баландпояи низомии дигарро аз мақомҳои худ барканор кардааст.
Хабаргузории давлатии Арабистони Саудӣ гузориш дод, ки генерал Абдураҳмон бин Солеҳ Ал-Бунён аз раёсати Ситоди муштараки артиш сабукдӯш шуд ва ба ҷои ӯ Файёз Ар-Рувайлӣ ба ин мақом таъйин шуд. Ин гузориш мегӯяд, ки подшоҳи Арабистони Саудӣ ҳамчунин фармондеҳони нерӯҳои заминӣ ва ҳавоии ин кишварро тағйир додааст.
Тағйироти ёдшуда дар ҳоле сурат мегирад, ки ҷанги Арабистони Саудӣ бо ниманизомиёни гурӯҳи Ҳусӣ дар Яман наздик ба се сол боз идома дорад.
Теъдоде аз муовинҳои вазирон ва ҳамчунин шаҳрдорон низ тағйир дода шудаанд. Яке аз тағйироти муҳим, тайъини хонум Намод бинти Юсуф Ар-Римоҳ ба мақоми муовини вазири кор дар он кишвар аст. Дар Арабистони Саудӣ ба сурати умумӣ занон дар мақомҳои давлатӣ кор намекунанд.
Подшоҳи Арабистони Саудӣ ҳамчунин шуморе аз шоҳзодаҳоро ба унвони мушовирони худ мансуб кардааст. Вазорати дифоъ ҳам эълом карда буд, ки стратегияи нави низомии он аз сӯи подшоҳ таъйид шудааст. Дар гузоришҳои мунташиршуда ба ҷузъиёт ё сабабҳои ин тағйирот ишора нашудааст.
Тағйироти ёдшуда дар ҳоле сурат мегирад, ки ҷанги Арабистони Саудӣ бо ниманизомиёни гурӯҳи Ҳусӣ дар Яман наздик ба се сол боз идома дорад. Идомаи даргириҳо дар ҳоле аст, ки Созмони Милали Муттаҳид вазъият Яманро яке аз ногувортарин бӯҳронҳои инсонӣ дар ҷаҳон хонда аст.
Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди подшоҳи Арабистони Саудӣ дар ҳоли ҳозир вазири дифои он кишвар низ ҳаст. Вай дар моҳҳои гузашта тағйиротеро дар ҳавзаҳои фарҳангӣ ва иҷтимоӣ дунбол кард, ки соҳибназарон онро талоши валиаҳд барои таҳкими қудрати худ ёд мекунанд.
Кумитаи мубориза бо фасод ба раёсати Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Арабистони Саудӣ чанд моҳ пеш дастури боздошти шуморе аз шоҳзодаҳо, вазирон ва шуморе аз мақомҳои пешинро содир кард. Мунтақидони валиаҳди Арабистони Саудӣ мегӯянд, ки ӯ аз ин кумита ба унвони пӯшише барои саркӯби мухолифони худ истифода мекунад.