Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркия аз Ҷумҳурии Чех истирдоди раҳбари Курдҳои Сурияро тақозо кард


Солеҳ Муслим - раҳбари Курдҳои Сурия
Солеҳ Муслим - раҳбари Курдҳои Сурия

Туркия мегӯяд, ки тамоми санадҳоро барои дархости истирдоди раҳбари шинохташудаи ҷомеаи Курдҳои Сурия, дар ихтиёри мақомоти ҷумҳурии Чех қарор дод.

Муовини нахуствазири Туркия Бекир Боздаг гуфт, ки Солеҳ Муслим - яке аз раҳбарони пешини Ҳизби Иттиҳоди Демократӣ (ҲИД), нимаи дуюми рӯзи 26 феврал дар баробари додгоҳи Прага ҳозир мешавад.

Солеҳ Муслим рӯзи 24 феврал бо дархости Анкара боздошт шуд.

ҲИД Анакаро ба ин муттаҳам кард, ки "бидуни доштани тавҷеҳи қонунӣ боздошти нафареро талаб кард, ки шаҳрванди Туркия нест".

Туркия баъди он дар пайи дархости истирдоди Муслим шуд, ки ӯро ба "варон кардани ваҳдати давлат ва кишвар" ва ҷиноятҳои дигар муттаҳам кард.

Ҳизби Иттиҳоди Демократӣ , ки Турки онро "созмони террористӣ" медонад, ҳизби асосии нерӯҳои Курд дар шимоли Сурия аст. Солеҳ Муслим аз ҳамраисии ин ҳизб канор рафт, аммо аз чеҳраҳои бонуфӯз номбар мешавад.

XS
SM
MD
LG