Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Русия аз мошини боркаш ҷасади се қазоқистониро пайдо карданд


Мошини пулис дар ҷойи ҳодиса (акс аз бойгонӣ)
Мошини пулис дар ҷойи ҳодиса (акс аз бойгонӣ)

Дар вилояти Маскави Русия аз дохили як мошини боркаш ҷасади се мардро пайдо карданд. РБК рӯзи гузашта бо истинод ба пулиси вилоят иттилоъ додааст, ки ҷасадҳои дар ноҳияи Чехов ошкор шуда онҳо шаҳрвандони Қазоқистон буданд.

"Дар ҳоли ҳозир санҷиши ҳодиса идома дорад. Бино ба иттилои пешакӣ, ин афрод тасодуфан ба ҳалокат расидаанд", - гуфт навбатдори ВКД Русия. Вале ҷузъиёти онро шарҳ надод.

Ба иттилои як манбаи хабаргузории "Интерфакс", ҳалокшудаҳо аз 35 то 40-сола буда, шахсияти якеашон муайян шудааст. Ба гуфтаи манбаъ, аз дохили мошини боркаш ҳамроҳи ҷасадҳо шишаҳои нӯшокии спиртӣ ва дастгоҳи гармидиҳии газиро пайдо карданд.

Дар Вазорати умури хориҷии Қазоқистон ба хабаргузори "Казинформ" гуфтанд, ки хабари марги шаҳрвандони худро дар Русия таҳқиқ доранд.

XS
SM
MD
LG