Эрон гуфт, ҳамла ба “террористон” дар канораҳои Димишқ идома мекунад, вале Эрон ва ҳукумати Сурия созиши оташбаси эълонкардаи Созмони Милалро дар дигар гӯшаҳои кишвар риоят мекунанд.
Муҳаммад Боқирӣ, раиси ситоди нерӯҳои мусаллаҳи Эрон рӯзи 25-уми феврал гуфт, Эрону Сурия қатъномаи Шӯрои Амнияти Созмони Милалро, ки рӯзи 24-уми феврал содир шуд, риоят мекунанд. Аммо гуфтааст, ӯ “поккории канораҳои Димишқ, ки дар дасти террористон аст, хориҷ аз қатънома буда ва идома мекунад.”
Шоҳидону нозирон мегӯянд, ки баъди судури қатъномаи Шӯрои Амният муноқиша дар канораҳои Димишқ дар рӯзи 25-уми феврал фӯру нишастааст. Дар чанд рӯзи гузашта дар амалиёти нерӯҳои давлатии Сурия ба зидди ошӯбгарон дар Ғута садҳо нафар кушта шуданд.