Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бердимуҳаммадов бо сафари давлатӣ ба Тошканд меравад


Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов

Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов баҳори соли равон сафари давлатиеро ба Узбекистон анҷом хоҳад дод. Дар ин бора сафири Туркманистон дар шаҳри Тошканд Ширӣ Шириев ахиран иттилоъ дод.

Ба гуфтаи дипломати туркман, дар ҳоли ҳозир, ҷонибҳо ба мулоқоти раҳбарони Туркманистону Узбекистон- Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ва Шавкат Мирзиёев омодагӣ мебинанд.

"Интизор меравад, имсол президенти мо дар доираи як сафари давлатӣ ба Ӯзбекистон биояд. Дар ҷараёни ин сафар масъалаҳои зиёде баррасӣ мешаванд. Феълан санаи дақиқи сафарро гуфта наметавонем. Вале ба эҳтимоли зиёд, он баҳори имсол сурат хоҳад гирифт", - афзудааст Шириев.

Бердимуҳаммадов ва Мирзиёев бори охир моҳи сентябри соли гузашта дар шаҳри Ишқобод мулоқот карданд.

XS
SM
MD
LG