Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳ салоҳияти Навоз Шариф барои раҳбарии ҳизбро рад кард


Додгоҳи олии Покистон салоҳияти Навоз Шариф, нахуствазири пешини ин кишварро барои раҳбарии Ҳизби робитаи мусалмонон радд кард. Навоз Шариф соли гузашта ба иттиҳоми фасод аз нахуствазирӣ барканор шуд. Аммо ӯ ин иттиҳомро радд мекунад. Додгоҳи Покистон таъкид кард, ки барканории Навоз Шариф аз мақоми нахуствазирӣ сабаби радди салоҳияти вай дар раҳбарии ин ҳизб аст.

Додрас Нисор аз Додгоҳии олии Покистон гуфтааст, Комиссияи интихоботии Покистон номи Навоз Шарифро аз тамоми парвандаҳои расмии ин кишвар ба унвони раҳбари Ҳизби робитаи мусалмонон, ҳазф мекунад. Ин масъала сабаб мешавад, феҳристи номзадҳои Ҳизби робитаи мусалмонон барои интихоботи Сенати Покистон, ки аз сӯи Навоз Шариф эълом шудааст, дигар эътибор надошта бошад. Ҳизби робитаи мусалмонон дар порлумони Покистон аз ҳама бештар намоянда дорад.

Видеоҳои охирин

Пирӯзии Никол Пашинян дар интихоботи Арманистон
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:44 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG