Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркия 600 нафарро барои танқид дар шабакаҳои иҷтимоӣ боздошт кард


Пулиси зидди-шӯришӣ тазоҳургаронро дар Туркия боздошт кард

Як моҳ пеш аз оғози амалиёти низомӣ алайҳи дастаҳои Курд дар шимоли Сурия, мақомоти Туркия ҳудуди 800 нафарро бо гумони терроризм боздошт карданд. Наздик ба 600 нафари онҳо барои танқиди амалкардҳои Анкара дар марз, боздошт шуданд, боқӣ дар амалҳои эътирозӣ. Дар ин бора Вазорати умури дохилии Туркия хабар дод.

Хабаргузории Туркия -Анадолу, рӯзи 19 феврал навишт, ки кормандони пулис дастикам 1300 саҳифаи хусусиро дар шабакаҳои иштимоӣ "таҳлил" карда, алайҳи 400 нафар парванда кушоданд.

Ба гуфтаи Deutche Welle, дар байни боздоштшудаҳои мухолифи амалиёти Туркия дар Африн, журналистон ва фаъолони шинохта ҳузур доранд.

Анкара амалиёти "Шохаи зайтун" дар шимоли Сурияро 20 январ оғоз кард. Туркия гурӯҳҳои худдифои Курд, ё милитсияро ҳамдасти террористон мехонад ва талош дорад онҳоро аз мавқеашон берун кунад. Милитсияи Курд якҷо бо эътилофи таҳти назорати ИМА алайҳи гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ" мубориза мебарад. Дар қаламрави таҳти назорати Курдҳо чандсад низомии Амрико мустақар аст. Вашингтон борҳо аз Анкара даъват кард, ки дар шимоли Сурия аз худдорӣ кор бигирад.

Видеоҳои охирин

"Хоҳиш, ҳамин дастаро ба тартиб дароред"
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:06:03 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG