Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Якчанд ҳазор нафар дар Киев истеъфои Порошенкоро талаб карданд


Эътирозгарони украинӣ ба сӯи "Сбербанк"-и Русия санг андохтанд. 18 феврал, 2018
Эътирозгарони украинӣ ба сӯи "Сбербанк"-и Русия санг андохтанд. 18 феврал, 2018

Якчанд ҳазор нафар дар Киев бо талаби истеъфои президенти ин кишвар Петро Порошенко рӯзи 18 феврал даст ба тазоҳурот заданд. Ҳамзамон, миллатгароҳои укринӣ дар эътирози ҷудогона ба сӯи "Сбербанк"-и Русия дар Киев санг партофанд ва шишаи тирезаҳоро шикастанд.

Тазоҳуроти зидди-Порошенкоро бо даъвати Михайил Саакашвили, сиёсатмадорои мухолифи ҳукумати Украина, ки мақомот ӯро аз кишвар хориҷ карданд, сурат гирифт. Мақомот теъдоди талабгарони истеъфои Порошенкоро 2,500 нафар ҳисоб карданд, дар ҳоле, ки мақомот то 3000 нерӯи пулисро барои нигаҳдории тартибот ба кӯча бароварданд.

Хабаргузории France Press теъдоди эътирозгаронро ҳудудан 10 ҳазор ҳисоб кард. Ҷамъомадҳои хурдтар дар шарҳои ғарбӣ ва марказии Украина ҳам баргузор шуданд. Порошенко ва Саакашвили дар гузашта шарики ҳамдигар буданд, аммо дар ин авохир ба рақиб табдил шуданд.

XS
SM
MD
LG