Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷасади 9 рабудашудаи соли гузашта дар дар Афғонистонро пайдо карданд


Ҷанозаи кушташудаҳо дар Афғонистон. Акс аз бойгонӣ

Ҷасади 9 шаҳранди мулкии Афғонистон, ки ҷангиёни мусаллаҳ онҳоро соли гузашта рабуданд, дар вилояти шарқии Нангарҳор ошкор шуд. Дар ин бора мақомоти Афғонстон ва пирони қабила хабар доданд.

Саид Раҳмон Моҳманд, волии ноҳия Кот гуфт, ки ҷасадҳо, бо шумули ҷасади се раҳбари қабилаҳоро охири ҳафта дар як гӯри дастаҷамъи пайдо карданд.

Моҳманд гуфт, ки мардуми маҳаллӣ ҷасадҳоро дар ноҳияи Очин ёфтанд.

Ин нуҳ нафарро ҷангиён соли гузашта рабуданд ва сарнавишти онҳо то ҳол маълум набуд.

Пирони қабила ёфт шудани ҷасадҳоро таъид карданд. Ҷанозаи онҳо рӯзи 19 феврал баргузор шуд.

Моҳманд рабудан ва кушта шудани ин нафаронро кори дасти гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ" гуфт, дар ҳоле, ки ин гурӯҳ масъулияти марги ин нафаронро бар дӯш нагирифтааст.

Ҳам Толибон ва ҳам ДИИШ - ҳарду дар ин минтақа фаъол ҳастанд.

Видеоҳои охирин

Оташсӯзӣ дар яке аз истироҳатгоҳҳои Маскав
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:00:40 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG