Пайвандҳои дастрасӣ

Порошенко барои Янукович ба додгоҳ меравад


Петро Порошенко

Петро Порошенко, раиси ҷумҳури Украина гуфт, тасмим гирифт, ки дар муҳокимаи ғоибонаи Виктор Янукович, раиси ҷумҳури пешини кишвараш шаҳодат бидиҳад. Виктор Януковичро ба хиёнат ба ватан муттаҳам мекунанд.

Петро Порошенко, рӯзи 18-уми феврал дар шаҳри Киев гуфт, “Аҳриман бояд ҷазо бигирад, барои ҳамин ман аввалин бор дар таърихи Украина тасмим гирифтам, дар муҳокима ширкат кунам.”

Виктор Янукович моҳи феврали соли 2014 зери фишори сахти тазоҳургарони зиддидавлатӣ аз Украина ба Русия гурехт. Даст кашидани ӯ аз аҳдномаи мушорикати Украина ва Иттиҳодияи Аврупо хашми мардумро барангехт.

Ба гуфтаи додситонҳои Украина ҳангоми саъйи ҳукумати Янукович барои фурӯ нишондани тазоҳурот 104 нафар кушта шуданд ва 2500 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.

Онҳо талаб доранд, ки Виктор Янукович барои хиёнат ба ватан, халалдор кардани тамомияти арзӣ ва истиқлоли Украина ба ҳабси якумрӣ маҳкум шавад. Баъди фирори Янукович, Русия нимҷазираи Қримро аз Украина гирифт ва дар шарқи ин кишвар ҷанг байни гурӯҳҳои ҷудоиталаб ва нерӯҳои ҳукуматӣ шурӯъ шуд.

Видеоҳои охирин

Пирӯзии Никол Пашинян дар интихоботи Арманистон
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:44 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG