Дар пайи як садама писари 15-солае зери чархи худрави муфаттиши корҳои дохилии шаҳри Кӯлоб монда, дар ҷойи ҳодиса ҷон додааст.
Додситонии шаҳри Кӯлоб нисбат ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз карда, таҳқиқ идома дорад. Мақомоти интизомии шаҳри Кӯлоб рӯзи 14-уми феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, “ин ҳодиса соати 11-и шаби 12 ба 13 феврали имсол рух додааст”.
Ба гуфтаи мақомот, капитан Саъидмӯъмин Исломов, муфаттиши шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Кӯлоб, сари фармони худрави тамғаи "Нексия" Фирдавс Ҳалимовро дар рӯ ба рӯи бозори" Саховат" зер намудааст. Ин писар аз ноҳияи сараш зарб хӯрда, дар ҷойи ҳодиса фавтидааст.
Ба қавли шоҳидони ҳодиса, Фирдавс пас аз мактаб дар бозори “Саховат” "пирожний" мефурӯхтааст. Вай он шаб баъди адои кораш барои хоҳари бемори худ аз дорухона дору харида, хона рафтанӣ будааст.
Мақомоти интизомӣ мегӯянд, капитан Исломов ҷасади Фирдавсро ба бемористон интиқол дода, худаш фирор кардааст. Ҳамакнун додситонии шаҳри Кӯлоб нисбат ба ӯ парванда боз карда, таҳқиқро сар кардааст.