Пайвандҳои дастрасӣ

СММ: дар як ҳафта беш аз ҳазор сокини осоиштаи Сурия кушта шуд


Стефан Дуярич, сухунгӯи Дабири кулли СММ

Бино ба гузориши СММ, аз аввали моҳи феврал то ба ҳол дар натиҷаи зарбаҳои ҳавоӣ дар Сурия беш аз ҳазор одам кушта шудаанд. Танҳо бомбаафканиҳои як ҳафтаи ахир ҷони ҳудуди 30 касро рабуд. Бештари ин зарбаҳоро нирӯҳои ҳавоии Сурия анҷом додаанд, ки Русия аз онҳо ҳимоят мекунад.

Дар гузориши Шӯрои ҳуқуқи инсони СММ нимаи аввали моҳи феврал яке аз мудҳиштарин давраи ҷанги Сурия унвон шуд. "Танҳо дар натиҷаи зарбаҳои ҳавоии як ҳафтаи аввали моҳи феврал беш аз 1000 сокини осоиштаи Сурия ҷон бохт", - омадааст дар гузориши СММ.

Дабири кулли СММ Антонио Гутерреш баъд аз ҳамлаҳои ҳавоии Исроил дар Сурия, хостори коҳиши фаврии танишҳо дар ин кишвар шуд.

Сухангӯи СММ Стефан Дуярич рӯзи 10-уми феврал гуфт, дабири кул “шиддат гирифтани даргириҳо дар саросари Сурия ва фаротар рафтани он аз марзҳои ин кишварро бодиққат пайгирӣ мекунад”.

Ба қавли Дуярич, Гутерреш аз ҳамаи тарафҳои даргир дар Сурия ва минтақа мехоҳад, қонунҳои байналмилалиро риоят ва барои коҳиши хушунатҳо талош кунанд.

Видеоҳои охирин

"Хоҳиш, ҳамин дастаро ба тартиб дароред"
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:06:03 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG