Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон раисони Исфара ва Турсунзодаро барканор кард


Дар бархе аз ниҳоду идораҳои Тоҷикистон тағйироти кадрӣ сурат гирифтааст. Ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон президент Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 9-уми феврал чанде аз мақомоти Додгоҳи конститутсионӣ, Додгоҳи олӣ, раҳбарони ҳукуматҳои шаҳру ноҳияҳои Суғду Хатлон, вазорати дифоъ, маориф ва илм, Хадамоти гумрук ва дигар ниҳодҳоро барканор ва ба ҷои онҳо афроди навро муаррифӣ намудааст.

Бар пояи ин хабар, Дилором Абдураҳимзода аз вазифаи судяи Додгоҳии олии Тоҷикистон бозхонд ва додраси Додгоҳи конститутсионӣ интихоб шудааст. Ҳамчунин Набӣ Ализода судяи Додгоҳи олии Тоҷикистон интихоб шудааст. Бо фармонҳои президент Саидҷон Қудратзода бо сабаби вафоташ аз вазифаи раиси суди ноҳияи Файзобод ва Хайрулло Табаров аз вазифаи раиси додгоҳи ҳарбии гарнизони Хоруғ бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан, озод карда шуданд.

Ҳамин тариқ Бобоҷон Саидзода, фармондеҳи нерӯҳои хушкикарди Тоҷикистон аз мақомаш барканор шудааст. Бо қарори дигари ҳукумати Тоҷикистон Саидзода муовири вазири дифои Тоҷикистон таъйин шудааст.

Ҳамчунин худи ҳамин рӯз бо фармонҳои президент Эмомалӣ Раҳмон, раисони шаҳрҳои Исфара, Бӯстон, Зафаробод, Турсунзода, ноҳияи Мир Алии Ҳамадонӣ аз мақомҳояшон барканор ва афроди нав ба ҷои онҳо тайъин шудаанд. Раиси ноҳияи Зафаробод муовини якуми раиси вилояти Хатлон таъйин шудааст.

Дар хабар аз ҷумла омадааст, ки Сироҷиддин Саломзода бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси шаҳри Турсунзода барканор ва Абдуқодир Вализода иҷрокунандаи вазифаи раиси ин шаҳр таъйин шуд. Бар пояи фармони дигари президент, Сироҷиддин Саломзода, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара таъйин шуда ва Дилшод Расулзода бинобар ба кори дигар гузаштан, аз ин мақом барканор шудааст.

Бо қарорҳои ҳукумат Ҳайдар Турсунзода муовини аввал, Хуршед Шерализода ва Изатулло Ҳурматзода муовинони сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон таъйин шуданд. Ҳамчунин Икром Субҳонзода директори Оҷонсии авиатсияи гражданӣ ва Азиз Набизода, муовини ӯ таъйин шудаанд.

Пешниҳоди раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар бораи таъин намудани Қарахон Чиллазода ба мақоми раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон ба Маҷлиси Намояндагони Маҷлисии Олӣ ирсол шудааст.

XS
SM
MD
LG