Дар маҷмӯъ 32 варзишгари Русия, аз ҷумла барандаи шаш медали тилло Виктор Ан ба Додгоҳи ҳакамии варзишӣ шикоят карда хостаанд, ки қарори Кумитаи Байналмилалии Олимпиро дар заминаи манъи ширкати онҳо дар бозиҳои олимпӣ бекор кунад. Қарор аст аризаи ин нафарон дар додгоҳи ҳакамии варзишии воқеъ дар Париж рӯзи 7 феврал баррасӣ шавад. Ҳамаи ин варзишгарон аз санҷиши такрории ҳатмии Кумитаи байналмилалии олимпӣ нагузаштанд.
Ин қарорест, ки баъди моҷарои соли 2014-и марбут ба истифодаи допинг ё доруҳои нирӯбахш аз ҷониби варзишгарони рус қабул шуд. Соли ҷорӣ ҳам варзишгарони рус ба бозиҳои олимпии Пхёнчхани Кореяи Ҷанубӣ роҳ наёфтанд. Дар изҳороти додгоҳ гуфта шуд, ки варзишгарони шикояткарда аз додгоҳ тақозо кардаанд, ки ҳақи онҳоро барои ширкат дар бозиҳои зимистонаи олимпии соли 2018 барқарор кунад.
Дар ҳамин ҳол Денис Освалд, раиси гурӯҳи таҳқиқотии Кумитаи байналмилалии олимпӣ дар як нишасти хабарӣ дар Пхёнчхан дар вокуниш ба қарори сафед кардани 28 варзишгари руси баъди Олимпиадаи Сочи дар соли 2014 таҳримшуда, ки рӯзи 1 феврал рух дод, чунин вокуниш кард:
«Додгоҳи ҳакамии варзишӣ 28 шикоятро пазируфт ва қарори моро бекор кард. Тавре гуфта будам, ман ҳайратзада шудам, чунки бовар доштам, ки далелҳои мо қавӣ ва ҷавобгӯи таҳрим буданд. Ҳатто агар мо ҳар як ҳодисаро ба таври ҷудогона таҳқиқ кунем, таҳрими мо нисбати 43 варзишгар як хел мешуд».
Кумитаи Байналмилалии Олимпӣ декабри соли 2017 дубора тасмим гирифт, ки варзишгарони русро аз ҳақи ширкат дар Олимпиада маҳрум кунад ва гуфт, ки сабаби ин дар “нақзи бисёркарата ва бесобиқаи” муқаррароти марбут ба манъи истеъмоли допинг будааст. Кумитаи байналмилалии олимпӣ ба 169 варзишгари рус иҷоза додааст, ки зери парчами олимпӣ, на парчами кишвари худ дар бозиҳои иштирок кунанд.