Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифини Озарбойҷон ба "бойкот"-и интихобот даъват карданд


Илҳом Алиев

Мухолифин дар Озарбойҷон мегӯянд, ки онҳо интихоботи раёсати ҷумҳурро "бойкот" мекунанд. Дар ин бора Шӯрои миллии нерӯҳои демократӣ рӯзи 6 феврал хабар дод.

Рӯзи гузашта президенти феълии Озарбойҷон Илҳом Алиев таърихи баргузории интихоботи президентиро 11 апрел таъин кард. Дар оғоз ин маърака ба моҳи октябр барномарезӣ шуда буд.

Мақомот мегӯянд, баргузории пеш аз мӯҳлати интихобот ба чорбиниҳои муҳими давлатӣ ва байналмилалӣ рабт дорад, ки охири сол дар Озарбойҷон баргузор мешаванд. Мухолифин инро талоши пешгирӣ аз омодагии беҳтари номзадҳо ба интихобот унвон карданд.

Соли 2016 Озарбойҷон дар як назархоҳии зиддунақиз Қонуни асосиро таъғир дод ва аз ҷумла муҳлати президентиро аз 5 то 7 сол тамдид кард. Илҳом Алиев 15 сол боз ба ин кишвар раҳбарӣ мекунад.

Дар интихоботи зудрас Алиев аз ҳизби ҳоким номзад пешбарӣ мешавад. Ба ғайри ин, дар Озарбойҷон на сарвазир, балки ноиби президент шахси дуюм ҳисоб мешавад. Соли 2017 Ҳадар Алиев ҳамсарашро ноиби раиси ҷумҳур таъин кард.

Видеоҳои охирин

"Барқи Тоҷик" болоравии нархи нерӯи барқро шарҳ дод
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:27 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG