Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тошканд барои бунёди "Шаҳри ҳушманд" $1,4 миллиард сарф мекунад


Шаҳри Тошканд

Дар шаҳри Тошканди Узбекистон сохтмони тарҳи маҷмааи технологии High Tech City бо арзиши 1 миллиарду 400 миллион доллар шуруъ шуд. Ин лоиҳа аз сӯи ширкати POSCO Daewoo-и Куриёи Ҷанубӣ коркард шудааст.

"Маҷмааи нав дар майдони 500 гектар сохта мешавад ва марказҳои тиҷорӣ, биноҳои истиқоматӣ, таҳсилотӣ, тиҷорӣ, корхонаҳои саноатӣ, марказҳои илмиву таҳқиқотӣ ва иншооти дигарро дар бар мегирад. Ҳамаи ин биноҳо бо истифода аз технологияи "ҳушманд", каммасраф ва низоми худкор сохта мешаванд", - хабар медиҳанд расонаҳои маҳаллӣ.

Бо ҳадафи амалисозии ин лоиҳа, дар Узбекистон ва Куриёи Ҷанубӣ гуруҳҳои муштараки корӣ таъсис ёфтаанд.

Видеоҳои охирин

Шавқу рағбати наврасони тоҷик ба бейсбол
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:16 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG