Пайвандҳои дастрасӣ

Илҳом Алиев рӯзи интихоботи президентиро наздиктар кард


Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев

Раиси ҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев рӯзи баргузории интихоботи президентиро аз 17 октябр ба 11 апрел кӯчонд. Фармони президент дар ин бора рӯзи 5 феврал нашр шуд.

Дар санад омадааст, ки тасмим бар пояи Конститутсия ва Қонуни интихобот гирифта шуд.

Қонуни асосии Озарбойҷон моҳи сентябри соли 2016 дар пайи як назарпурсии зиддунақиз таъғир ёфт.

Таъғирот ба Алиев ҳақ медиҳад, ки интихоботи барвақтӣ эълон кунад. Ҳамчунин бар пояи дигаргуние, ки моҳи декабр ба Қонуни интихобот ворид шуд, рӯзи баргузории сабқати президентӣ дастикам шаш моҳ пеш бояд эълон шавад.

Маълум нест, ки чаро президент Алиев рӯзи интихоботро наздиктар кард.

Видеоҳои охирин

Бархе аз сокинон мегӯянд, аз тамошои ТВ Тоҷикистон маҳруманд
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:44 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG