Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номаи "мутахассиси умури Русия" дар Амрико нашр карданд


Картер Пейҷ
Картер Пейҷ

Нашрияи амрикоии Time рӯзи 3 феврал номаи Картер Пейҷро нашр кард, ки соли 2016 мушовири номзад ба мақоми президентии ИМА Доналд Трамп буд. Номи Пейҷ дар робита ба санҷишҳои додситони махсус Роберт Мюллер, оиди ҳамкории эҳтимолии тими интихоботии Трамп бо Русия, рӯзҳои ахир дар сархати расонаҳо қарор дорад.

Пейҷ дар номаи худ аз 25 августи соли 2013 талош мекунад, ношири китоби худро мутмаин созад, ки ӯ аз ҳаводиси Русия хуб огаҳ аст. "Тайи ним соли ахир маро насиб гашт, мушовири ғайрирасмии як гуруҳи таҳлилгар аз Кремл шавам, ки барои президенти худ дар саммити G-20 дар Санкт-Петербург маълумот ҷамъоварӣ мекарданд ва дар он таваҷҷуҳи бештар ба масоили энергетикӣ дода шуда буд".

Картер Пейҷ яке аз чеҳраҳои калидӣ ва пурмоҷарои ёддоште аст, ки ахиран ҷумҳурихоҳони Конгресс нашр карданд. Муаллифони ёддошт гуфтанд, Бюрои федеролии тафтишот, ки соли 2016 барои таъқиби Пейҷ иҷозати додгоҳро хоста буд, ифшо накард, ки ин дархост дар асоси иттилои корманди англиси иктишофии ситоди интихоботии Ҳилларӣ Клинтон сурат гирифтааст.

Кристофер Стили англис мегӯяд, Пейҷ дар ҷараёни боздиди худ аз шаҳри Москва дар моҳи июли соли 2016 бо як қатор мансабдорони баландпояи Русия ва яке аз атрофиёни наздики президенти ин кишвар Владимир Путин мулоқот карда, масъалаи кумак ба ситоди интихоботии Доналд Трампро бар зарари маъракаҳои рақибаш -- Ҳилларӣ Клинтон баррасӣ кардааст. Пейҷ ин иддаоро рад карда, Стил ҳам манобеи худро ошкор намекунад.

Конгрессменҳои демократ ва мақомҳои баландпояи Бюрои федеролии тафтишот ва Додситонии кулли ИМА мегӯянд, иддаои ҷумҳурихоҳон дар ёддошт аз воқеият дур аст, зеро дархости иҷозати додгоҳ барои таъқиби Пейҷ дар асоси иттилоъи зиёди гуногун сурат гирифта буд.

XS
SM
MD
LG