Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

6 соли зиндони ҷавони тоҷик барои сармоягузории терроризм


Акс аз бойгонист
Акс аз бойгонист

Додгоҳи шаҳри Душанбе як нафарро бо гуноҳи сармоягузории терроризм ва кӯмаки молӣ ба гурӯҳи ба ном Давлати исломӣ ба 6 соли зиндон маҳкум кардааст. Додситонии кулии Тоҷикистон рӯзи 2-уми феврал хабар дод, ки

Манонов С.Р. барои ирсоли 1000 рубли русӣ ба як узви гурӯҳи Давлати исломӣ бо номи “Шом” рӯзи 16-уми январ ба 6 соли зиндон ва “адо намудани ҷазо дар колонияи ислоҳии низомаш пурзӯр” маҳкум шудааст.

Маноновро, ки номашро нагуфтаанд дар додгоҳи ноҳияи Сино муҳокима карда ва дар он гуфтаанд, ки ӯ соли 2017 ҳангоми муҳоҷирати корӣ дар Русия бо аъзои ДОИШ робитаи интернетӣ пайдо карда, мунтазам аз аъзои гурӯҳ оид ба фаъолияти онҳо маълумот гирифта, “ақидаҳои онҳоро дастгирӣ ва омодагиашро барои маблағгузории иттиҳоди террористии номбурда изҳор намудааст.”

Ба гуфтаи додгоҳ, ӯ соли 2017 ба “Шом” ном шахси барои тафтишот номаълум ки узви Давлати исломӣ аст, барои пеш бурдани фаъолияти террористӣ ба воситаи “Киви кошелёк” ба ҳисоби номбурда 1000 рубли русӣ гузаронидааст. Дар Тоҷикистон барои сармоягузории терроризм ва ҷиноятҳои марбут ба он ҷазои сахт пешбинӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG